Амфитеатри Кӯлоб барқарор мешавад

Август 1, 2015 06:36

Кӯлоб, 01.08.2015. (АМИТ «Ховар», Анвари Неъмат).- Баҳри арзанда пешвоз гирифтани 700- солагии олими намоёни Шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва таҷлили 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон    дар шаҳри Кӯлоб корҳои ободонӣ, навсозиву барқарокунии иншооти ниёзи мардум  идома доранд. Қисми берунии  биноҳои баландошёнаи марказ бо маблағи 613,8 ҳазор сомонӣ таъмиру рангубор гардида, бинои Қасри фарҳанги шаҳрро сохтмончиёни ширкати «Сумая» аз таъмир бароварданд. Дар ин раванд   бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  таъмиру барқарорнамоии Амфитеатр, ки барои 7000-ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, идома ёфта, барои қабули меҳмонон дар рӯзҳои хотирмони ҷашн  сохтмону барқарорсозии бинои  замонавӣ барои 800 нафар ҷараён дорад. 

Август 1, 2015 06:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад