Амфитеатри Кӯлоб барқарор мешавад
Кӯлоб, 01.08.2015. (АМИТ «Ховар», Анвари Неъмат).- Баҳри арзанда пешвоз гирифтани 700- солагии олими намоёни Шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва таҷлили 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб корҳои ободонӣ, навсозиву барқарокунии иншооти ниёзи мардум идома доранд. Қисми берунии биноҳои баландошёнаи марказ бо маблағи 613,8 ҳазор сомонӣ таъмиру рангубор гардида, бинои Қасри фарҳанги шаҳрро сохтмончиёни ширкати «Сумая» аз таъмир бароварданд. Дар ин раванд бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таъмиру барқарорнамоии Амфитеатр, ки барои 7000-ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, идома ёфта, барои қабули меҳмонон дар рӯзҳои хотирмони ҷашн сохтмону барқарорсозии бинои замонавӣ барои 800 нафар ҷараён дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






