Ҳамлаҳои террористии пайиҳам дар Туркия
Душанбе, 10.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Тайи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Туркия якчанд ҳамлаҳои мусалаҳҳона сурат гиирифт, ки мақомоти кишвар онҳоро амалҳои террористӣ унвон карданд. Бузургтарини онҳо ҳамла ба консулгарии ИМА дар Истамбул мебошад.
Шахси номаълуме ба сӯи муҳофизони намояндагии дипломатӣ оташ кушода, пас аз бархӯрд бо полис фирор кардаанд. Аз рӯи баъзе маълумот, ин ҳамла аз ҷониби як зан ва як мард, бино ба маълумоти дигар бошад, аз ҷониби ду нафар зан сурат гирифтааст. Дар мақомоти полис аз боздошти ҳамлагар хабар медиҳанд. Масъулияти ин ҳамларо ҳаракти ифротии Артиши халқӣ-инқилобии озодихоҳ бар ӯҳда гирифтааст.
Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Истамбул ба идораи полис низ ҳамла шудааст. Як террористи худкуш дар инҷо маводи таркандаро ба кор андохтааст, ки дар натиҷа беш аз 10 нафар ҳалок шудааст. Ҳангоми задухӯрди мусаллаҳонаи полис бо террористон ду нафар, якнафарӣ аз ҳарду ҷониб ҳалок шудаанд.
Инчунин, рӯзи душанбе чаҳор корманди полис бар асари таркиши минаҳои роҳ дар вилояти Сирнак кушта шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






