Ҷамъоварии ҳосили ғалладона

Август 27, 2015 04:27

Душанбе, 27.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 324194 гектар кишти зироатҳои ғалладона гузаронида шудааст, ки то 21 августи соли 2015 майдони 282432 гектари он даравида шудааст. Ҳосили умумии ғалладона миқдори 752537 тонна буда, нисба ба ҳамин давраи соли гузашта 84152,3 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 27,1 сентнериро ташкил медиҳад.
Тавре дар ин бора аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, кишоварзони вилояти Хатлон имсол дар майдони 143337 гектар кишти ғалладона гузарониданд. Майдони 136683 гектари он куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6470 гектар зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 33,6 сентнериро ташкил  медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ натиҷаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд дар майдони 112765 гектар кишти ғалладона гузаронида шудааст ва майдони 91147 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳосилнокӣ то 21 августи соли равон  миқдори 161387  тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53605 тонна зиёд  мебошад. 

 

Август 27, 2015 04:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад