Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ
Душанбе, 5.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Сокини 47-солаи ноҳияи Шӯрообод 4 август ба ШВКД ҳамин ноҳия дар бобати лату кӯб намудани писараш муроҷиат намуд. Бино ба гуфтаи вай шаби 1-уми август, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар деҳаи Порвори ноҳияи мазкур шахсони номаълум, писари 19-солаашро лату куб намуда, дар натиҷа ҷавон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тавре ки аз хадамоти матбуотии ВКД иттилоъ доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 18-сола, сокинони ҳамин ноҳия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






