Қатли 2000 нафар аз ҷониби ДИИШ

Август 5, 2015 02:48

Душанбе, 05.08.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода). – Бино ба иттилои масъули хабарии Иттиҳодияи миллии Курдистон Ғиёс Сурҷӣ гурӯҳи террористии ДИИШ тайи ду ҳафтаи охир ду ҳазор нафарро дар шаҳри Мавсил қатл кардааст. 
Ғиёс Сурҷӣ дар як гуфтугӯи телефонӣ бо радиои «Саво» эълом кард, ки афроде, ки аъзои артиш, полис ва кормандони комиссиариати олии интихобот буданд, дар ду ҳафтаи гузашта тавассути гурӯҳи террористии ДИИШ дар вилояти Найнаво рабуда, баъдан ба қатл расонида шуданд. Ӯ меафзояд, ки ин гурӯҳ бо ҳар баҳона мардумро дар ҳамкорӣ бо мухолифони худ хоин номида, онҳоро ба ҳалокат мерасонанд.

Август 5, 2015 02:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд