Ҷавони барномасози тоҷик барои кор дар Google даъват шуд
Душанбе, 3.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Меҳрубон Тӯраев, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор дар ширкати Google даъват шудааст. Мактуби даъвати ин ширкати маъруфи ҷустуҷӯӣ дар Интернетро Меҳрубон дар саҳфаи фейсбукаш гузоштааст.
Меҳрубон Тӯраев таҳсилкардаи гимназия-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ПВ» буда, ҳоло дар яке аз донишгоҳҳои Ҷопон таҳсилро идома медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Меҳрубон Тӯраев иштирокчии чандин озмунҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ буда, соли 2013 дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни информатика дар бахши барномасозӣ соҳиби медали нуқра, соли гузашта сазовори медали тилло ва соли ҷорӣ бошад, аз миёни намояндагони 84 кишвар сазовори медали биринҷӣ гаштааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






