Ҷавонон муарифгари ватан дар хориҷи кишваранд
Душанбе, 12.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи байналмилалии ҷавонон мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, доир гардид.
Дар чорабинӣ ҳамчунин, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Махфират Хидирзода, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Эмин Сангинзода, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори «Маркази Барномаҳои байналмилалии назди Президент» ва меҳмонони хориҷӣ ширкат ва суханронӣ карданд.
Аҳтам Абдуллозода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ муттаҳид сохтани ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта вобаста ба пуштибонӣ ва таблиғи дастовардҳои воқеии кишвар дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, инчунин ҳавасманд гардонидани донишҷўёни болаёқат барои хизмати шоён ба давлату миллати хеш мебошад. Номбурда изҳор дошт, ки дар айни замон дар хориҷи кишвар беш аз 12 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил менамоянд ва таъсиси Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, барои дастгирию муаррифӣ ва ба ин васила ҳал кардани мушкилоти онҳо мусоидат менамояд.
Иштирокчиён аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар гардида, таъкид намуданд, ки ҷавонон низ дар хориҷ аз кишвар бояд барои муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар мулоқот донишҷӯёни фаъоли тоҷик, ки дар донишгоҳҳои бонуфӯзи кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, доир ба таҷриба ва шароиту мушкилоти таҳсил суханронӣ карданд.
Дар поёни мулоқот дар байни масъулин ва донишҷӯён, ки бештар аз 150 нафар буданд, суолу ҷавоб сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






