Аввалин роҳбари Давлати исломӣ дар Доғистон нобуд карда шуд
Душанбе, 26.08.2015.(АМИТ «Ховар»). — Дар Доғистон роҳбари яке аз дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки аввалин шуда, аз пайвастан ба ДИИШ хабар дода буд, кушта шуд. Тибқи иттилои ТАСС, ин ҷангии мусаллаҳ зимни амалиёти фаврӣ — ҷустуҷӯӣ дар атрофи деҳаҳои Байрамаул ва Мусалаули ноҳияи Хасавюти Доғистон ҳадафи тир қарор гирифт. Ҳангоми азназаргузаронии ҳуҷҷатҳояш ӯ ба тарафи пулис тир кушод ва дар натиҷаи тирандозии ҷавобӣ кушта шуд.
Ба гуфтаи пулис, гумонбаршуда Ислом Муродов, соли таваллудаш 1985 , роҳбари бахши шимолии ДИ мебошад. Вай аз аввали соли 2014 дар рӯйхати ҷустуҷӯи федералӣ қарор доштааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






