Азнавсозии пули харобшуда дар Шуғнон
Шуғнон, 12.08.2015 (АМИТ «Ховар», Файзи Мирасан).-Пули мошингузари деҳаи Гожаки ҷамоати ба номи Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон, ки дар офатҳои табии рӯзҳои охир хароб гардида буд, дубора барқарор шуд.
Барои азнавсозии пули мазкур тамоми техникаву механизмҳо ва нерӯи кории муассисаи нигаҳдории роҳҳои вилоят «Бадахшонроҳ» ба деҳоти аз офати табии осебдидаи навоҳии вилоят интиқол дода шуданд. Муассисаи роҳсозӣ сари вақт масолеҳи бинокориро таъмин намуда дар камтарин фурсат роҳро боз намуданд.
Ёдрас мешавем, ки баъди ҷорӣ шудани сел ва масдуд гардидани роҳҳо дар деҳаи Барсеми ин ноҳия ҳаракати нақлиёт ба самти Мурғоб- Кулма қатъ гардида, мошинҳо аз масира ҳаракат мекунанд, ки масофаи он нисбат ба роҳи Хоруғ- Мурғоб 100 километр бештар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






