Аъзои хориҷии ДИИШ дастаҷамъӣ дафн мешаванд
Душанбе, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Маҳмудзода).- Аҳолии шаҳри Мавсил дар шимоли Ироқ як гӯри дастаҷамъии мутааллиқ ба аъзои ДИИШ-ро пайдо намуданд, ки дар он аъзои хориҷии ин гурӯҳ дафн шудаанд.
Ба гузориши хабаргузориҳои ироқӣ ин қабри дастаҷамъӣ субҳи рӯзи чаҳоршанбе аз тарафи як чӯпон дар ҷанубу ғарби Мавсил кашф шуд, аммо аъзои ДИИШ ин чӯпонро дарҳол зиндонӣ карданд. Ба гуфтаи чӯпон дар ин гӯр ҷасади беш аз 150 узви «Давлати исломӣ» дафн шуда, ки аксари онҳо хориҷиҳо ҳастанд.
Бояд гуфт, ки гӯри гурӯҳии дигари мутааллиқ ба ДИИШ дар моҳи гузашта дар Мавсил кашф шуда буд, ки дар он ҷасади 72 тан аз террористҳои хориҷии узви ин гурӯҳ дафн шудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






