Ба 1225 нафар шаҳрвандон иҷозаи дубора дода шуд
Душанбе, 19.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод),- Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, гуруҳи экспертии Федератсияи Русия аз аввали соли равон ба 1225 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки воридшавиашон ба ин кишвар манъ карда шуда буд, иҷозаи дубора рафтан ба ин давлатро дод.
Ба иттилои манбаъ, дар асоси дархости шаҳрвандон ба Хадамоти муҳоҷират аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия гуруҳи экспертӣ оид ба 5 категорияи руйхати шаҳрвандоне, ки ба онҳо воридшавӣ ба қаламрави Русия манъ карда шудааст, таъсис дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки 13 августи соли равон аз ҷониби Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия тавассути мактуби расмӣ аз 4 августи соли ҷорӣ боз ба 85 нафар шаҳрвандони ҶТ барои ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Русия иҷозаи дубора дод шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






