Бахши забони арабии сомонаи нави АМИТ “Ховар” фаъол шуд
Душанбе, 03.08.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бахши арабии сомонаи расмии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нав фаъол гардид.
Бахши арабии ин сомона мисли бахшҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсии сомонаи нави АМИТ «Ховар» бо истифода аз усулҳои навтарини барномасозии муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои сомонаҳои хабарии ҷаҳонӣ таҳия шудааст.
Акнун тамоми маводи иттилоотӣ бо фаврияти баланд ва саҳеҳият дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва ҳуруфоти форсӣ ҷойгир мешаванд. Дар ояндаи наздик ба кор даровардани бахши чинӣ низ дар назар аст.
Мавриди зикр аст, ки АМИТ «Ховар» ҳамчун мақоми марказии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун манбаи ягонаи иттилооти расмии Тоҷикистон шинохта шуда, пахши ахбори расмӣ бо забонҳои гуногун ба муаррифии бештари Тоҷикистон ва воқиф намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ бо рӯйдодҳои Тоҷикистон мусоидат мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






