Балҷувон: Самаранок истифода бурдани ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ
Душанбе, 27.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Самаранок истифода бурдани ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, обҳои маъдании чашмаҳои шифобахш, мавзеъҳои кӯҳнавардӣ ва ба роҳ мондани хизматрасонии муосир дар ноҳияи Балҷувон” доир гардид, ки дар он ширкатҳои сайёҳӣ, кормандони сохторҳои маҳаллии Кумита ва коршиносони соҳа ширкат варзиданд.
Дар семинари омӯзишӣ иштирокчиён доир ба таҳия намудани хатсайрҳои нави сайёҳӣ, рушди саноати истеҳсоли армуғонҳо барои сайёҳон ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷи ба минтақа ибрози андеша карданд.
Дар фарҷоми семинар ширкаткунандагон намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва мавзеъҳои сайёҳии ноҳия дидан намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ноҳияи Балҷувон бо табиати зебою нотакрор ва мавзеъҳои сайёҳии худ диққати сайёҳони хориҷиро ҷалб карда, мувофиқи қарори Ҳукумати мамлакат мавзеи сайёҳӣ эълон шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






