Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина

Август 24, 2015 13:14

Душанбе, 24.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Петр Порошенко барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Петр Алексеевич,
Солгарди ҷашни миллии Украина – Рӯзи истиқлолият ба ман имкони гуворо фароҳам овард, ки ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишваратон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ирсол дорам.
Тоҷикистон дар такони ҷиддӣ бахшидан ба муносибатҳои дӯстонаи анъанавии бисёрсола, ки миёни ду давлат ва халқҳо мавҷуданд, ҳавасманд аст.  
Мутмаинам, ки бо кӯшишҳои якҷояи мо ҳамгироии мутақобила ва ҳамкории созандаи миёни ду давлат  рушди нав касб мекунанд. Омодагии моро барои  истифодаи тамоми кӯшишҳо дар роҳи густариши онҳо ба манфиати давлат ва халқҳоямон изҳор медорам. 
Бо истифода аз ин фурсат, муҳтарам Петр Алексеевич, ба Шумо саломатии бардавом ва муваффақиятҳо, ба халқи Украина сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам”. 

Август 24, 2015 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд