Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина
Душанбе, 24.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Петр Порошенко барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Петр Алексеевич,
Солгарди ҷашни миллии Украина – Рӯзи истиқлолият ба ман имкони гуворо фароҳам овард, ки ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишваратон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ирсол дорам.
Тоҷикистон дар такони ҷиддӣ бахшидан ба муносибатҳои дӯстонаи анъанавии бисёрсола, ки миёни ду давлат ва халқҳо мавҷуданд, ҳавасманд аст.
Мутмаинам, ки бо кӯшишҳои якҷояи мо ҳамгироии мутақобила ва ҳамкории созандаи миёни ду давлат рушди нав касб мекунанд. Омодагии моро барои истифодаи тамоми кӯшишҳо дар роҳи густариши онҳо ба манфиати давлат ва халқҳоямон изҳор медорам.
Бо истифода аз ин фурсат, муҳтарам Петр Алексеевич, ба Шумо саломатии бардавом ва муваффақиятҳо, ба халқи Украина сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам”.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






