Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Афғонистон
Душанбе, 19.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
“Ҷалолатмаоб,
Боиси сарфарозист, ки Ҷалолатмаоб ва дар шахси Шумо мардуми Афғонистони ҳамҷаворро ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни фархундаи истирдоди истиқлол самимона табрик ва таҳният гӯям.
Тоҷикистон ва Афғонистон тӯли садсолаҳо ҳамчун ҳамсоягони нек ва кишварҳои дорои равобити дерини дӯстона ва пайвандҳои маҳкам зиндагӣ доштанд ва чунин хоҳанд монд. Мо ба ин суннати бузурги таърихӣ содиқем ва густаришу таҳкими равобит бо Афғонистонро аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар медонем.
Мо аз раванди густариши равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст қаноатмандем. Бунёди сиёсиву ҳуқуқии равобит ва ҳамкории мо таҳким ёфта, соҳаҳои ҳамкорӣ тавсеаи бештар меёбанд. Мо бар онем, ки ҳарду ҷониб пайгирона соҳаҳо ва роҳҳои нав ба нави ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ҷустуҷӯ ва мавриди истифода қарор диҳанд. Тоҷикистон, аз ҷониби худ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то ин муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манофеи ҳар ду ҷониб бошанд.
Дар марҳилаи имрӯзаи ҳассос ва сарнавиштсози Афғонистон, мо мисли пешин хоҳони таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор дар ин кишвари бародар буда, дар симои он як сарзамини осудаву мутараққиро диданием ва барои ин мақсад аз ҳеҷ кӯшише дареғ нахоҳем варзид.
Орзуманди тансиҳатии комил, комёбиҳои бештару хушрӯзии Шумо, Ҷалолатмаоб, ва рифоҳу пешрафту саодат ва осудагии мардуми бародари Афғонистон ҳастам”.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






