Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҳиндустон
Душанбе, 15.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Хушҳолам табрику таҳнияти самимии хеш ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни миллӣ – солгарди Рузи истиқлолият ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми дўсти Ҷумҳурии Ҳиндустон тақдим намоям.
Мо аз дастовардҳои назарраси кишвари Шумо дар тамоми арсаҳои муҳими зиндагӣ шодем ки оғоз гаштани раванди дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай узвияти комил пайдо намудани Ҳиндустон як намунаи ҷадиди он аст.
Тақвияту густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Ҷумҳурии Ҳиндустон дар сархати фаъолиятҳои ҳадафмандонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Боиси хурсандист, ки ҳамкориҳои созанда ва шарикии Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва соҳаҳои амниятиву низомӣ сол аз сол рушду тавсеаи беш аз пеш меёбанд.
Умедворам, ки иҷрои аҳду паймонҳои дар рафти сафари нахустини давлатии Шумо ба Тоҷикистон ҳосилшуда, бешубҳа, ба тавсеаю густариши ҳамкориҳои мо боис гашта, ҷавобгўи манфиатҳои ҷонибайн ва тақвияти суботи минтақа хоҳад шуд. Мо аз ҷониби худ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар ин самт истифодаи муассир ба амал хоҳем овард.
Бо ибрози орзуҳои беҳтарин, сиҳҳатии комил ва комёбиҳои рўзафзун ба ҷаноби Сарвазир, ба мардуми дўсти Ҳиндустон – хушрўзӣ, пешрафт ва саодат таманно дорам”.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






