Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Покистон
Душанбе, 14.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни муборак – Рузи истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми дўсти кишварро самимона табрик ва таҳният менамоям.
Кишвари Покистон дар солҳои охир ба комёбиҳои зиёд дар ҳама арсаҳо дастёб шуда, дар равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ширкати фаъол дорад. Оғоз гаштани раванди дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай узвияти комил пайдо намудани Покистон шоҳиди возеҳи ин гуфтаҳост ва мо чун дўстони ҳақиқӣ аз он қаноатманд ва хушнудем.
Пайвандҳои таърихии кишвару миллатҳои мо аз қаъри қарнҳои қадим маншаъ мегиранд, ки онҳо зербинои мустаҳками равобити муосири кишварҳои моро ташкил медиҳанд.
Бо камоли қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар солҳои ахир робитаву муносибатҳои анъанавии дўстонаи мо дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ сатҳ ва мазмуни баланд касб намуданд.
Итминони комил дорам, ки тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилгардидаи мо зимни сафарҳои Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан амалӣ гардида, ҷавобгўи ормонҳои мардумони мо мегарданд ва ба нафъи халқҳои мо, субот ва амнияти минтақаю ҷаҳон хидмат хоҳанд кард.
Ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, сиҳҳатии комил ва баҳри шукуфоии кишвари дўсти Покистон пирўзиҳои нав ба нав, ва ба мардуми бародари он – пешрафт, саодат ва амну амонӣ орзумандам”.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






