Баррасии амалисозии Барномаи минтақавӣ дар АНМН
Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назарзода бо ҳамоҳангсози калони Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷаноби Ҷереми Милсон мулоқот кард.
Дар мулоқот рафти амалисозии Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, натиҷаҳои он дар марҳилаи аввал баррасӣ шуда, зикр гардид, ки диққати асосӣ ба мустаҳкам намудани ҳамкории мақомоти Тоҷикистону Афғонистон, гузаронидани амалиётҳои муштарак, чорабиниҳои пешгирикунанда дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ равона карда шавад.
Дар робита ба ин пешниҳод шуд, ки таҷрибаи омӯзонидани кормандони Агентӣ доир ба масъалаҳои ошкор намудан ва бурдани тафтишоти ҷиноятҳои вобаста ба қонунигардионии маблағҳои пулӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти ҷиноятпеша ба даст омадаанд, мубодилаи саривақтии иттилоот оид ба дохил кардани тағйирот ба “Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо” давом дода шавад.
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори бовар намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






