Баррасии ҳамкориҳо дар самти рушди маҳал
Душанбе, 17.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар доираи чорабиниҳои Лоиҳаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва таҳкими сохтори институтсионалӣ мулоқоти Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо профессор Арно Алманн, Мушовири байналмилалии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва гурӯҳи мушовирони маҳаллӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот профессор Арно Алманн ҳадафи ташрифи худро вобаста ба татбиқи муқаррароти Консепсияи идоракунии рушди маҳал барои давраи то соли 2030 баён намуда, барои раҳнамоӣ ҷиҳати таҳияи нақшаи чорабиниҳо маслиҳат пурсид.
Дар ин робита, Қосим Роҳбар иброз дошт, ки барои таъмини иҷрои муқаррароти Консепсия дар назди Кумитаи рушди маҳал аз ҳисоби мутахассисони варзида гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ҳамоҳангсозии байни гурӯҳи мушовирон ва ин гурӯҳҳо барои ноил гаштан ба ҳадафҳои муайяншуда зарур аст. Аз ин лиҳоз, тасмим шуд, ки нақшаи амали муштарак таҳия ва тасдиқ гардад.
Дар охир ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини сифати чорабиниҳо механизми муассири ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бо мушовирони БРСММ роҳандозӣ шавад ва корҳои пешбинишуда саривақт таъмин гарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






