Баррасии фаъолияти хадамоти «Интерпол»-и Тоҷикистону Эрон
Душанбе, 05.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- 05-уми августи соли равон намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Бюрои Марказии Миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуданд.
Ҳамчунин меҳмонон баъди боздид бо сардори Бюрои Марказии Миллии «Интерпол» -и Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти хадамотҳои «Интерпол»-и Тоҷикистону Эрон вохӯрӣ анҷом доданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, роҳҳои пешгирии амалҳои ҷинояткорона ва дар ин самт ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба миёни хадамотҳои дахлдори ду кишвар, мубодилаи таҷриба ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷӯҳ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.
Пас аз вохӯрӣ, ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз утоқҳои кории кормандони БММ «Интерпол»-и Тоҷикистон дидан намуда, бо шароити кории кормандони ин ниҳод шиносоӣ пайдо намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






