Барзиёд иҷро гардидани нақшаи андоз дар Норак
Норак, 15.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Нақшаи ҷамъоварии маблағҳои андоз ва боҷҳои давлатӣ дар шаҳри Норак 131,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷойи 10,6 млн сомонӣ нақшаи пешбинишуда, 13,9 млн сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 3,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Аммо нақшаи қисми даромади буҷет иҷро гардида бошад ҳам, сифатнокии он таъмин нашуда, як намуди андоз ба пуррагӣ иҷро нагардид. Аз ҷумла, андози иҷтимоӣ 76,4 фоиз иҷро шуд, ки дар нисбати нақшаи пешбинигардида, 3,3млн сомонӣ кам аст.
Қарздорӣ аз андоз ва боҷҳои давлатӣ то 1 июни соли ҷорӣ 299,7ҳазор сомонӣ, қарзи андози ҳифзи иҷтимоӣ 54,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.
Мутаассифона дар ин давра ҶСК «Бофандаи Норак» музди меҳнати кормандонро натавонист сари вақт пардохт куна два қарздорӣ аз музди меҳнат то 1 июни соли 2015 12,8 ҳазор сомониро ташкил дод.
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар 6-моҳи соли 2015 ба маблағи 706,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147,1 млн сомонӣ зиёд ё ин ки 126,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар нерўгоҳҳои барқи обии Нораку Бойғозӣ ба миқдори 6 млрд.кв/соат нерўи барқ истеҳсол шудааст, ки 105,3 фоизро ташкил дода, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 304,5 млн.кв/соат зиёд мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






