Беш аз 169 ҳазор сомонӣ барои обтаъминкунии сокинони ноҳияи Файзобод
Душанбе, 27.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-Корхонаи воҳиди «Хоҷагии манзилию коммунали»-и ноҳияи Файзобод соли ҷорӣ ба маблағи 169,6 ҳазор сомонӣ корҳои хизматрасониро иҷро кард, ки 88 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Таъмини ноҳия бо оби нӯшокӣ ба 360 ҳазор метри кубӣ расонида шуд. Назар ба давраи соли гузашта истифодаи об аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 1,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Роҳбари корхонаи воҳиди «Хоҷагии манзилию коммунали»-и ноҳияи Файзобод Музафар Розиқов арз дошт, ки дар ду моҳи соли ҷорӣ яке аз ду лӯлаи обгузари оби Ҳафтчашма, ки мудати 10 соли охир аз кор баромада буд, ба пуррагӣ таъмир шуда, оби нӯшокии ноҳия 30 фоиз афзун гашт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






