Беш аз 500 ташхис аз ҷониби озмоишгоҳи бактериологии шаҳри Роғун
Душанбе, 26.08.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Дар шаҳри Роғун аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар соли ҷорӣ 1403 бемории сирояткунанда ба қайд гирифта шуда, аз тарафи озмоишгоҳи бактериологӣ 546 ташхис гузаронида шудааст.
Бо ташаббуси марказ дар давраи ҳисоботӣ 185 маротиба назорати санитарӣ дар ташкилоту муассисаҳо гузаронида шуд. Дар ин асос нисбат ба 42 нафар протокол дар хусуси қонунвайронкунӣ тартиб дода шуда, 42 нафар ба маблағи 5600 сомонӣ ҷарима шуданд.
Дар ин давра аз мағозаҳои шаҳр 114 кг маводи хӯроквории муҳлати истифодабариашон гузашта аз фурўш гирифта шуд, ки маблағи 2504 сомониро ташкил медиҳанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






