Беш аз 52 млн сомонӣ барои корҳои сохтмонӣ дар Ёвон
Душанбе, 26.08.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Сохтмончиёни ноҳияи Ёвон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 52 млн 343,3 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлгариро ба анҷом расонидаанд. Дар ин муддат сохтмони 14 адад иншооти хизматрасониву маишӣ, тандурустӣ, фароғатӣ, маданӣ, хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ,маркази муоинаи техникӣ ва ғайраҳо мавриди истифода қарор гирифта, дар даҳҳо иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Ёдрас мешавем, ки дар корхонаи сохташавандаи истеҳсоли гаҷкартони ҶДММ «Хаучиан Ғаюр Индостриал» корҳои сохтмонӣ мувофиқи матлаб ба роҳ монда шуда, то ин ҷониб таҷизоти истеҳсолӣ пурра ба корхона ворид карда шуда, корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбист. Ҳоло дар корхона 165 нафар коргарон фаъолият доранд, ки 90 нафари онҳо командони маҳаллӣ ва 75 нафари дигараш чиниҳо мебошанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






