Беш аз 60 ҷангии «Толибон» дар Ҳилманд маҳв карда шуд

Август 26, 2015 02:55

Душанбе, 08.26.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи даргириҳои ахир бо нерӯҳои Афғонистон дар ноҳияи Мусоқалъаи вилояти Ҳилманд беш аз 60 ҷангии «Толибон» маҳв карда шуд. 
Бино ба иттилои шабакаи телевизионии “Тулуъ», сарфи назар аз талафоти зиёди ҷангиён, ҳукумати ноҳия аз ҳуҷуми оммавии толибон нигарон аст ва барои аз даст надодани назорати ноҳия аз ҳукумати марказӣ кумак хостааст.
Дар навбати худ, намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омодагии худро барои  идомаи амалиёти ҷангӣ дар Ҳилманд нишон дода, изҳори бовар кардаанд, ки ҳамлаҳои ҳавоии нав эҳтимоли ҳуҷумҳои ифротгароёнро кам мекунад. 
Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи Афғонистон, айни замон дар вилоят дастаи «Толибон» фаъолият дошта, ба сафи он ҷангиён аз Покистон, Чеченистон ва кишварҳои араб шомиланд. 
Мавриди зикр аст, ки поксозии рӯзҳои охир бо истифода аз зарбаҳои ҳавоии НАТО боиси хисороти зиёд ба ҷангиёни Толибон ва ақибнишинии онҳо шудааст. 

 

Август 26, 2015 02:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад