Беш аз 60 ҷангии «Толибон» дар Ҳилманд маҳв карда шуд
Душанбе, 08.26.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи даргириҳои ахир бо нерӯҳои Афғонистон дар ноҳияи Мусоқалъаи вилояти Ҳилманд беш аз 60 ҷангии «Толибон» маҳв карда шуд.
Бино ба иттилои шабакаи телевизионии “Тулуъ», сарфи назар аз талафоти зиёди ҷангиён, ҳукумати ноҳия аз ҳуҷуми оммавии толибон нигарон аст ва барои аз даст надодани назорати ноҳия аз ҳукумати марказӣ кумак хостааст.
Дар навбати худ, намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омодагии худро барои идомаи амалиёти ҷангӣ дар Ҳилманд нишон дода, изҳори бовар кардаанд, ки ҳамлаҳои ҳавоии нав эҳтимоли ҳуҷумҳои ифротгароёнро кам мекунад.
Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи Афғонистон, айни замон дар вилоят дастаи «Толибон» фаъолият дошта, ба сафи он ҷангиён аз Покистон, Чеченистон ва кишварҳои араб шомиланд.
Мавриди зикр аст, ки поксозии рӯзҳои охир бо истифода аз зарбаҳои ҳавоии НАТО боиси хисороти зиёд ба ҷангиёни Толибон ва ақибнишинии онҳо шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






