Беш аз 61 ҳазор сомонӣ зарар дар ҳодисаҳои сӯхтор тайи як рӯзи гузашта
Душанбе, 07.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Тайи як рӯзи гузашта, 6-уми август дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 4 ҳолати сухтор ба қаид гирифта шудааст, ки беш аз 66 ҳазор сомонӣ заррар овардааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҳавлии истиқоматии марди 53-солаи сокини ноҳияи Конибодом, дар масоҳати 24-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст, ки 4600-сомонӣ зарар ворид овардааст.
Инчунин дар ин рӯз, дар ҳавлии истиқоматии марди 73-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтор масоҳати 40-метри мураббаъро фаро гирифта, ба маблағи 8000-сомонӣ зарар расонидааст.
Ҳамин тариқ, оғилхонаи марди 53-солаи сокини ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 96-метри мураббаъ оташ гирфита, зарари расонидашуда 4000-сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин рӯз, дар ҳуҷра-вагони дастгоҳи пармакунии Корхонаи Воҳиди Давлатии экологии геометрии геология, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат дар масоҳати 8-метри мураббаъ, сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 50000-сомониро ташкил медиҳад.
Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо ва нодуруст истифода бурдани ноқилҳои барқӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






