“Бешаи палангон”- мавзеи беназир

Август 21, 2015 13:00

Душанбе, 21.08.2019 (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Ёдгории таърихии «Бешаи палангон» зери назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки  аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Мамнўъгоҳи мазкур дар солҳои 40-50-уми асри гузашта бунёд ёфта буд. Дар ҳудуди мамнўъгоҳ, ки зиёда аз 48 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, намудҳои нодири наботот, ҳайвонот, паррандагон мавҷуд буда, онҳо таҳти назорати доимӣ қарор доранд. Аксари ҳайвоноту наботот ва паррандагони ин мавзеъ ба Китоби Сурх дохил шудаанд. Дар шафати Мамнўъгоҳ  Осорхона таъсис дода шудааст. Дар ҳудуди Мамнўъгоҳи «Бешаи палангон» оромгоҳ низ аст, ки аҳамияти таърихӣ дорад.Оромгоҳи мазкур дар масоҳати 6 гектар буда,  ба таври махсус муҳофизат мешавад.

 

Август 21, 2015 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад