“Бешаи палангон”- мавзеи беназир
Душанбе, 21.08.2019 (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Ёдгории таърихии «Бешаи палангон» зери назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Мамнўъгоҳи мазкур дар солҳои 40-50-уми асри гузашта бунёд ёфта буд. Дар ҳудуди мамнўъгоҳ, ки зиёда аз 48 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, намудҳои нодири наботот, ҳайвонот, паррандагон мавҷуд буда, онҳо таҳти назорати доимӣ қарор доранд. Аксари ҳайвоноту наботот ва паррандагони ин мавзеъ ба Китоби Сурх дохил шудаанд. Дар шафати Мамнўъгоҳ Осорхона таъсис дода шудааст. Дар ҳудуди Мамнўъгоҳи «Бешаи палангон» оромгоҳ низ аст, ки аҳамияти таърихӣ дорад.Оромгоҳи мазкур дар масоҳати 6 гектар буда, ба таври махсус муҳофизат мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






