Бо корд расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ
Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 25-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа, ки пеш бо моддаи 248 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ дастгир гардид. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда санаи 18.08.с.2015, тахминан соати 15:50-дақиқа дар кӯча бо марди 26-солаи сокини ноҳияи Бохтар, муноқиша намуда, бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба дасти рост ва тарафи рости шикамаи ҷабрдида задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






