Бо оби тоза таъмин гардидани қисми низомии 3502
Душанбе, 19.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, дар маросими кушодани лӯлаи об иштирок намуд.
Лӯлаи об аз дарёчаи Харангон дар масофаи 9 километр кашида шуда, қисми низомиро пурра бо оби нӯшокӣ таъмин месозад.
Зимни боздид, вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии қисми низомии 3502 вохӯрӣ анҷом дода, бо рӯзгори сарбозону афсарони ин қисми низомӣ шинос шуд.
Дар рафти шиносоӣ Рамазон Раҳимзода аз натиҷаи кори хоҷагидории қисми низомӣ, ки баъди кашидани хати лӯлаи об дар як муддати кутоҳ хеле ривоҷу равнақ ёфтааст, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани гирду атрофи қисми низомии 3502 ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои иловагӣ дода зикр кард, ки бо назардошти иқтидори лӯлаи оби худҷоришаванда, заминҳои бекорхобида обёрӣ гардида, аз ҳисоби он заминҳои корам васеъ карда шаванд.
Ҳангоми боздиди вазири корҳои дохилӣ, дар майдони сафороии қисми низомӣ сарбозону афсарони қисми мазкур бо марши низомӣ гузаштанд.
Дар охир, бо фармони вазир барои хизмати софдилонаю содиқона ба Ватан, иҷрои сарбаландонаи вазифаҳои дардӯшдошта як қатор сарбозони қисми низомии мазкур бо «Раҳматнома» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






