Боварӣ ба фардо
Душанбе, 11.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) ва Маркази бӯҳронии «Боварӣ ба фардо» дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» чорабинӣ бунёд гардид.
Дар чорабинӣ доираи васеи намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ иштирок намуда, аз маслиҳату машваратҳои ҳуқуқиву равонии Маркази зидди бӯҳронии «Боварӣ ба фардо» бархӯрдор гардиданд. Маводҳои иттилоотӣ дар шакли буклетҳо ба иштирокдорон ройгон тақсим карда шуд.
Истироҳати шаҳрвандон дар ин рӯз бофароғат ва хотирмон гузашт. Ташкили чунин чорабиниҳо барои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ташаккули муносибатҳои созанда дар он бе манфиат нест.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






