Боздошт шудани ёрдамчии калони комиссари ҳарбӣ
Душанбе, 26.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар рафти амалиёти муштараки оперативӣ-тафтишотии кормандони Хадамоти гумрук ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз бордони мошинаи тамғаи «Тайота-кемри» маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.
Маълум гардид, ки маводи мухаддирро сардори зершӯъбаи 2-юми комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ Седшоев Шараф ба ивази 3500 доллари ИМА аз шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон харидорӣ кардааст. Седшоев Шараф бо маслиҳати пешакӣ маводи мухаддирро ба шаҳрванд Имомдодов Сарвар медиҳад. Номбурда дар навбати худ, маводи мухаддирро ба шаҳри Душанбе интиқол дода, дар манзили муваққатии зисташ ғайриқонунӣ нигоҳ медорад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, нашъаҷаллобон аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ҳангоми ба фуруш баровардани маводи нашъаовар боздошт гардиданд.
Ташхиси лабораторӣ нишон дод, ки маводи хокамонанд воситаи нашъаовари навъи «ҳашиш» буда, вазни умумии онҳо 14 килограмму 400 граммро ташкил медиҳад.
Аз рўи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






