Бозии дустонаи тимҳои Тоҷикистону Аморати мутаҳидаи Араб
Душанбе, 05.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016, ки аз 14 то 16 ноябр доир мегардад, дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев имрӯз, 5-уми август барои гузаронидани бозии дӯстона бо мунтахаби футзали Амороти Муттаҳидаи Араб ба шаҳри Дубай сафар намуд. Вохӯриҳои дӯстона рӯзҳои 6-ум ва 8-уми август баргузор мешаванд.
Баъдан аз Дубай дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои гузаронидани ҷамъомади омӯзишию-машқӣ ба Ал-Кувайт сафар хоҳад кард.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, омодагии футзалистони тоҷик дар он ҷо то 16 август идома хоҳад дошт. Дар доираи ин омоадгӣ гузаронидани ду бозии дӯстона бо мунтахаби миллии футзали Кувайт дар назар дошта шудаст.
Дар ин сафар ҳайати Тоҷикистон аз 15 нафар бозигар — 3 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ иборат аст.
Ёдовар мешавем, ки дар оғози моҳи июн ҷиҳати омоадгӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишию-машқии худро дар Баҳори Эрон гузаронида буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






