Бунёди корхонаҳои нав дар Турсунзода
Турсунзода, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар»,).- Ду корхонаи нави истеҳсолӣ дар ҷои собиқ корхонаи чинибарории шаҳри Турсунзода арзи вуҷуд кард. Корхонаҳои мазкур пайваста фаъолияташонро васеъ менамоянд. Аз ҷумла коргарони корхонаи ҶДММ «Вежа», ки ба истеҳсоли хиштҳои сохтмонӣ, хиштҳои ба оташтобовар ва тахтасангҳо машғуланд, мақсад доранд, ки истеҳсоли хиштро ба як миллиён дона расонанд. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли зарфҳои сафолӣ, аз қабили табақ, гулдон, чойникҳои барқӣ ва ғайра низ машғул аст. Навад фоизи ашёи хоми истеҳсолиро ин коргоҳ аз ҳудуди шаҳри Турсунзода мегиранд
Илова бар ин дар шафати корхонаи мазкур, корхонаи нави дигар барои истеҳсоли доруҳои табобатӣ арзи ҳастӣ кард, ки дар рӯзҳои наздик ба кор оғоз хоҳад намуд. Бо оғози фаъолияти корхонаҳои зикргардида, беш аз 300 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






