Бунёди корхонаи хурди бетонрезӣ дар Хоруғ
Хоруғ 15 08 2015 (АМИТ «Ховар» Файз Мирҳасан) Ба мақсади суръат бахшидан ба сохтмони бинои нуҳошёна дар шаҳри Хоруғ дар назди ин иншоот як корхонаи хурди бетонрезӣ ба фаъолият оғоз кард, ки қаблан ба ин сохтмон бетонро аз ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон интиқол медоданд.
Алъон ду ширкати бинокорӣ бо ҷалби зиёда аз 150-нафар коргарон, ки бештарашон ҷавонони маҳалӣ мебошанд, машғул ба кор аст ва бинои мазкурро то ба ошёани панҷум расонданд. Идораи таъмиру сохтмони шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бунёд» талош доранд, соли оянда ин биноро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Ба иттилои муҳандиси сохтмони мазкур Назарсултон Саидикова, баъди ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Барсени ноҳияи Шуғнон ва баста шудани роҳи Хоруғ-Мурғоб-Кулма муддате интиқоли семент аз кишвари Чин ба таъхир афтод. Аммо ҳоло семент ва дигар масолеҳи бинокорӣ аз шаҳри Душанбе сари вақт ва бидуни таъхир ба сохтмон интиқол дода мешавад.
Ёдрас мешавем, ки дар соли равон се бинои муҳташам дар ин шаҳр ба истифода дода шуданд ва дар ҳузури сарвари давлат санги асоси бинои театр, Раёсати маорифи вилоят, коллеҷи тиббӣ ва шаҳраки ояндаи Хоруғ-2 гузошта шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






