Чорабинӣ вобаста ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт
Душанбе, 07.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- 6-уми августи соли равон чорабинӣ бо мақсади пурзӯр намудани назорат бар ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Чорабинии мазкур мутобиқи супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи интизомнокии ронандагон дар роҳ, ба танзим даровардани истифода аз воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе пешгирӣ ва ошкор намудани истифодаи ғайримақсадноки автомашинаҳои хизматии мақомоти ҳокимияти давлатӣ будааст. Ҳамчунин он чорабини барои ошкор кардани идораи воситаи нақлиёт бо оинаҳои сиёҳкардашуда, аломатҳои қайди давлатии бегона, дар ҳолати мастӣ ва бе шаҳодатномаи ронандагӣ, истифода бурдани нақлиёт гузаронида шудаст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






