Чорабиниҳо оид ба пешгирии нашъамандӣ
Душанбе, 19.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Аз аввали моҳи августи соли ҷорӣ намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо занон ва фаъолон ва ҷавонону наврасони шаҳру ноҳияҳоивилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти Бадахшон ва ноҳияҳои тобеъи кишвар сислсилаи чорабиниҳоро оид ба пешгирии нашъамандӣ гузарониданд.
Кормандони Агентӣ дар рафти мулоқот бо иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами рӯз — пешгирии наврасону ҷавонон аз истеъмол ва хариду фурӯши маводи нашъадор, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои терористӣ, экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, задухурди гурӯҳҳо, нашъамандиву нашъаҷалобӣ, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ суҳбат намуданд.
Ҳамчунин масъулин чунин мулоқотҳои судмандро дар истироҳатгоҳҳои «Зимчуруд», «Обшорон» ва «Барқчиён»- и ноҳияи Варзоб бо иштироки наврасон ва ҷавонон баргузор намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






