Чорабинии зидди нашъамандӣ миёни наврасон
Душанбе, 17.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).-Бо ташаббуси Раёсати минтақавии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамбастӣ бо Хадамоти прокуратураи Ҷумҳурии Корея дар истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов чорабинии фарҳангӣ- фароғатӣ ва варзишии зидди нашъамандӣ доир карда шуд.
Макони баргузории чорабинӣ бо шиорҳои «Зиндагӣ бе маводи нашъаовар ширин аст», «Нашъамандӣ заволи умр» ва «Дунёи бе маводи мухаддир доштан» ороста шуд. Баъдан дар байни ҷавонону наврасон озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Нашъамандӣ ва роҳҳои мубориза бо он» гузаронида шуд, ки иштирокдорони озмун дар расмҳои иншокардаашон маърифат ва тахайюлоти худро дар мавриди бемории нашъамандӣ ва оқибатҳои он таҷассум карданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин байни истироҳаткунандагон дар навъҳои мухталифи варзиш, аз ҷумлаи вазнбардорӣ, дастхобонӣ, намудҳои миллии «китфҷанг» ва «куштӣ» гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 нафар ҷавонону наврасоне, ки аз ноҳияҳои офатзадаи вилояти Бадахшон ва минтақаи Рашт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истироҳатгоҳ фаро гирифта шудаанд, иштирок доштанд.
Дар анҷом ба онҳое, ки дар озмуни расмкашӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ба мақомҳои сазовор комёб шуданд, тӯҳфаҳои арзанда эҳдо карда шуда.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






