Дар «Базмгоҳи Чилгазӣ» 12 нафар ба кор таъмин шуданд
Душанбе, 12.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара боз як иншооти ҷамъиятӣ барои баргузории ҷашну маъракаҳои мардумӣ — «Базмгоҳи Чилгазӣ» мавриди истифодаи мардум қарор дода шуд.
Ба иттилои Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдори Исфара бинои замонавии дуошёнаи Базмгоҳи Чилгазӣ — ро бо маблағгузории соҳибкорон — бародарон Абдунаим, Абдуқаҳҳор ва Абдуғафур Эшоновҳо сохтмончиёни ҳунарманди маҳаллӣ бо тарҳу намуди муосир ва харҷи 640 ҳазор сомонӣ, дар муддати як сол бунёд намуданд.
Дар Базмгоҳи Чилгазӣ 12 нафар сокинони бешуғли деҳа соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштанд.
Бояд тазаккур дод, ки ба ғайр аз ин базмгоҳ дар ҳудуди деҳоти Чилгазӣ дар давоми 2 соли охир боз 4 иншооти тозабунёди дигар, аз ҷумла Корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки Саодат, Варзишгоҳи замонавӣ барои 4000 тамошобин сохта ба истифода дода шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






