Дар БМТ лоиҳаи «Шаҳри интеллектуалӣ» муҳокима гардид
Душанбе, 18.08.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов бо ҳайати намояндагони ширкати “Чайна СмартСити Текнолоҷӣ”-и Ҷумҳурии мардумии Чин таҳти сарварии раиси ширкати номбурда Ҷим Ние доир гардид. Дар мулоқот муаррифии лоиҳаи «Шаҳри интеллектуалӣ» ва имконияти татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тибқи иттилои БМТ Сироҷиддин Икромов меҳмононро бо вазъи феълии низоми бонкии мамлакат, дастовардҳои бонкдорони тоҷик дар нимсолаи аввали соли равон, бахусус дар бахши истифодаи комёбиҳои нави технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии мамлакат ва нақшаҳои минбаъдаи онҳо шинос намуд.
Ҷим Ние иброз дошт, ки ширкати “Чайна СмартСити Текнолоҷӣ” дар шаҳри Шанхай қарор дорад ва маҳсулоти он дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, бонкдорӣ, иттилоот, кишоварзӣ ва ғайра истифода мешавад.
Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки бо маҳсулоти ин ширкат метавон фаъолияти тамоми бонкҳои кишварро ҳамоҳанг намуда, бо истифода аз кортҳои интеллектуалӣ аз хизматрасонии ҳамаи бонкҳо (пардохт, интиқол ва ғайра) бо нархи ягона истифода намуд. Дар сурати амалӣ намудани лоиҳаи зикршуда пардохти маблағ дар тамоми нуқтаҳои фурӯши маҳсулот ва нақлиёт, ба миқдори беҳудуд захира намудани тамоми иттилоот дар соҳаҳои маориф, тиб, муайян намудани миқдори дақиқи воридот ва содироти мол ба таври мустақим ва фосилавӣ дар соҳаи гумрук, истифодаи корти интеллектуалӣ ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият, пардохти хизматрасониҳои интернетӣ бо тарзи нав ва арзиши кам, омода намудани мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ имконпазир мегардад.
Инчунин дар рафти мулоқот маълум гардид, ин технология дар чандин шаҳрҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, ки зиёда аз 30 млн. аҳолӣ доранд, татбиқ гардида, зиёда аз 300 шаҳри дигар дар навбати татбиқи он мебошанд. Илова бар ин, лоиҳаи шаҳри интеллектуалӣ дар давлатҳои пешрафтаи дунё — Чин, Олмон, Фаронса ва Ҷопон мавриди истифода қарор дорад. Ҷим Ние гуфт, ки бо дастёбӣ ба ин технологияи пешқадам Тоҷикистон метавонад маркази асосии рушди ин технология дар минтақа гардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






