Дар Душанбе теъдоди автосалонҳои замонавӣ афзоиш меёбад
Душанбе, 17.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Бо кӯчонидани мошинбозор аз ҳудуди Душанбе минбаъд дар пойтахт шумораи автосалонҳои замонавии шахсӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Бино ба иттилои Сайфулло Амонов- сардори Раёсати иқтисод ва савдои шаҳр, алҳол дар маҳаллаҳои 33, 46, Гулистон ва бархе аз фурӯшгоҳҳои бузурги маркази пойтахт чунин автосалонҳо фаъолият доранд, ки теъдоди онҳо ба даҳ адад мерасад. Дар чунин фурӯшгоҳҳо автомобилҳои нави истеҳсоли ширкатҳои автомобилсозии Корея ва Ҷопон ба фурӯш гузошта шудаанд, ки тоҷирон онҳоро асосан аз Имороти Муттаҳидаи Араб ворид меозанд. С. Амонов афзуд, ки минбаъд дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт ба ҷои мошинбозор танҳо фурӯшгоҳҳои бузурги автомобилӣ сохта мешавад. Мавриди зикр аст, ки охири моҳи май мошинбозори Душанбе, ки дар масоҳати 3,7 гектар дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе воқеъ буд, ба деҳаи Чимтеппаи ноҳия Рӯдакӣ кӯчонида шуд. Ин дар ҳолест, ки тибқи омори гумрукӣ дар зарфи шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав ба ҷумҳурӣ 15,1 ҳазор адад ё ба маблағи 70,6 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Коҳиш ёфтани воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав ба таъсири бӯҳрони молиявӣ рабт дода мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






