Дар Форёб 230 ҷангии толибон таслим шуд
Душанбе, 29.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — 230 гурӯҳи толибон дар Форёби Афғонистон аслиҳаи худро ба замин гузошта ба неруҳои давлатӣ таслим шуданд ва ба раванди сулҳ пайвастанд. Расонаҳои хабарии Афғонистон рӯзи 28 август бо интишори ин хабар таъкид доштанд, ки ин афрод дар пайи шиддат гирифтани ҳамлаҳои Артиши давлатии ин кишвар ба минтақаи Форёб аз идомаи муқовимат даст кашидаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки толибон шаҳри Мусоқалъаи музофоти ҷанубии Ҳилмондро ишғол намудаанд. Ҳоло дар ин шаҳр неруҳои давлатии Афғонистон барои аз тасарруфи толибон озод намудани он амалиёти густурдаи низомӣ ба роҳ мондаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






