Дар Ироқ 27 узви такфирии ДИИШ маҳв карда шуд
Душанбе, 29.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тибқи гузориши хабаргузории Ал- Маълума , дар вилояти Каркуки Ироқ 27 узви такфирии ДИИШ дар натиҷаи тирборони қувваҳои ҳавоии артиши Ироқ нобуд гардиданд. Тибқи гузориши ин сарчашмаи хабарӣ, террористони ДИИШ дар хонаҳои воқеъ дар минтақи Ал-Башир, ҷанубии шаҳри Каркук паноҳ мебурданд ва дар ниҳоят макони онҳо кашф ва маҳв гардиданд. Манбаъ афзуд, қувваҳои артиш ҷониби минтақаи Ҳувайҷа ҳаракат намуда дар арафаи озод кардани ин минтақа аз дасти афроди ДИИШ ҳастанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






