Дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 6 нафар ҳалок гардид
Душанбе, 4.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар натиҷаи се ҳодисаи нохуши нақлиётӣ 3 август 6 нафар ба ҳалокат расид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти ВКД хабар доданд, ронандаи мошини “Опел-Астра”, сокини 26-солаи шаҳри Панҷакент ҳангоми аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат кардан, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дохили дарё чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофирони мошин марди 36-сола ва зани 22-сола, сокинони шаҳри Панҷакент аз дохили дарё баромада, духтарчаи ноболиғи 6-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронанда ва оилаи ӯ зани 38-сола ва писарчаи 1-солааш ба дарё ғарқ шуда, ҷасади онҳо то ҳол дарёфт нашудааст.
Инчунин дар ҳамин рӯз ронандаи мошини «Долун», сокини 54-солаи ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар роҳи мошингарди ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба ақиб ва паҳлӯи мошини “КАМАЗ-5511”, таҳти идораи сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат, зада онро ба ҷарии чуқуриаш 100-120-метр чаппа намудааст. Мошини худаш 200-250-метр лағжида, ба самти чапи роҳ ба кӯҳпора бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири дохили мошини “КАМАЗ-5511”, сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандагони мошин ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамчунин ронандаи мошини “Мерседес-Бенс”, донишҷӯи 20-солаи Донишгоҳи давлатии Британияи Кабир, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи 13 ба самти маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи “Нексия”, таҳти идораи зани 51-сола муҳандиси ҶДММ “Мухлис”, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи мошини “Нексия” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи мошини “Мерседес-Бенс” ва мусофири он ҷавони 17-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамчунин 2 август ронандаи мошини “Опел-Астра”, сокини 44-солаи ноҳияи Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингард дар назди осоишгоҳи “Ҳавотог” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, чаппа шудааст. Дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






