Дар Ғончӣ 75 гектар замин обёрӣ шуд
Душанбе, 17.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, заминҳои лалмии хоҷагии деҳқонии “Хӯҷаҳо”- и Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Ғончӣ обёрӣ гардид.
Бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид, саҳмгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва худи аъзоёни хоҷагӣ бо харҷи наздики 240 ҳазор сомонӣ чоҳи амудӣ ба кор андохта шуд, ки дар натиҷа 35 гектар заминҳои лалмии саҳмдорон обёрӣ ва 1500 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ бо оби нушокӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамчунин дар деҳаи Панҷбоғи ҷамоати Муҷуни ин ноҳия низ як чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд, ки ба шарофати он 40 гектар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Эшонбобоев» ва 325 нафар аҳолии деҳаи Панҷбоғ бо оби полезӣ ва нушокӣ таъмин гардиданд.
Хотиррасон бояд кард, ки қабл аз ин бо дастгирии роҳбарияти вилоят ва саҳмгузории сокинон дар деҳаи Овчии ноҳия 150 га замини лалмӣ обёрӣ гардида буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






