Дар шаҳри Чкалов ғалатҳо ислоҳ шуданд
Душанбе, 12.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов 11 август аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси шаҳри Чкалов Киромуддин Мухторов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Л. Г. Шемякина ва дигар шахсони масъул дар якчанд минтақаҳои шаҳри Чкалов бо мақсади баланд бардоштани мавқеи забони давлатӣ ва таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи забони давлатӣ ва Дар бораи реклама, санҷиши назоратӣ гузаронида шуд.
Чунон ки аз мақомоти иҷроияи шаҳр хабар додан, ҳадаф аз гузаронидани санҷиши мазкур ислоҳ намудани ғалатҳои мавҷуда дар номгузории мағозаҳо, марказҳои савдо ва шиору овезаҳои гирду атрофи шаҳр мебошад.
Барои ислоҳи ғалатҳои мавҷуда, ки дар марказҳои савдо ва дигар минтақаҳои шаҳр ба назар мерасиданд ва бе риояи муқаррароти қонунҳои зикргардида номгузорӣ шудаанд, тадбирҳо роҳандозӣ гардида, ин норасоиҳо аз ҷониби комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи забони давлатӣ-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва масъулин бартараф карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






