Дар шаҳри Чкалов Донишкадаи Конфутсий ташкил карда шуд
Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Чкалов Донишкадаи Конфутсий ташкил карда шуд.
Ректори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон Мухтор Фозилов дар ифтитоҳ гуфт, ки ташкили чунин як донишкада, ки дар заминаи созишномаи роҳбарияти олии ду кишвар — Тоҷикистону Чин роҳандозӣ гардидааст, иқдоми шоиста мебошад.
Намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳокимияти маҳаллии шаҳри Чкалов изҳор доштанд, ки ҳамкории ду кишвари дӯст Тоҷикистону Чин сол аз сол густариш ёфта, Ҷумҳурии мардумии Чин аз бузургтарин шарикони иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Устодони Донишкадаи Конфутсий аз Чин ҷалб гардида, дар навбати аввал барои кушодашавӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани донишкада 150 ҳазор доллар пешбинӣ шудааст. Акнун шаҳрвандон метавонанд дар ин донишкада ба омӯзиши забони чинӣ машғул шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






